Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Кемикор
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i23945-Қаҳрамонии_Эрон_дар_мусобиқоти_ҷаҳонии_Кемикор
Тими мошинҳои химиявии электронии Донишгоҳи санъатии Амиркабири Эрон, мақоми қаҳрамонии риштаи амалкардро дар Мусобиқоти ҷаҳонии мошинҳои Кемикори Барселонаи Испания касб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2017 16:26 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Кемикор

Тими мошинҳои химиявии электронии Донишгоҳи санъатии Амиркабири Эрон, мақоми қаҳрамонии риштаи амалкардро дар Мусобиқоти ҷаҳонии мошинҳои Кемикори Барселонаи Испания касб кард.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, тими эъзомӣ аз ин донишгоҳ муваффақ шуд, дар рақобат бо тимҳое аз кишварҳои мухталиф, мақоми нахустро касб кунад .

Кемикор, мусобиқаи халлоқонаи донишҷӯӣ барои донишҷӯёни риштаи муҳандисии химия аст, ки тавассути анҷумани химияи Амрико солона дар ҷаҳон баргузор мешавад.

Ширкаткунандагон дар ин мусобиқа бояд мошинҳе бо абъоди мушаххас бисозанд, то битавонад масири таъиншударо тай кунанд ва мошинҳои сохташуда қодир ба ҳамли мизоне аз об низ бошанд .