Октябр 04, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон дар бораи муҳаррам ва имом Ҳусайн (а) чи гуфт?

Раисҷумҳури Туркия дар бахше аз конфронси хабарии муштарак бо раисҷумҳури Эрон дар бораи моҳи муҳаррам, ҳазрати Алӣ (а), имом Ҳасан (а) ва имом Ҳусайн (а) изҳори назар кард.

Ба гузориши радиои тоҷики Садои Хуросон, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар конфронси хабарии муштарак бо Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт: “Имрӯз ба даъвати ҷаноби оқои Рӯҳонӣ, бародари азизу муҳтарамам дар инҷо ҳастам ва аз меҳмоннавозии вай сипосгузорӣ ме‌кунем”.

Вай афзуд: “Лозим медонам, хидмати оқои Рӯҳонӣ ба далели пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ табрик арз кунам, ҳақ ёру мададкори шумо бошад”.

Эрдуғон ҳамчунин ҳазору сесаду ҳаштоду ҳафтумин солгарди шаҳодати имом Ҳусайн (а) ва ёрони эшонро таслият гуфту идома дод: “Аз ҳазрати имом Ҳасан (а), ки дар арши малакутӣ ҷои вижае дорад ва аз имом Алӣ (а), шермардон ёд мекунам. Аз Худо мехоҳам, ин рӯзҳоро мояи тақвияти ваҳдат, ухувват ва ҳамбастагии мусулмонон қарор диҳад”.