Октябр 05, 2017 14:12 Asia/Dushanbe

Нахустин намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Алмаатои Қазоқистон бо ҳузури устондору ҳайати иқтисодии устони Хуросони Разавӣ ва ҷамъе аз масъулони кишвари мизбон оғоз ба кор кард.

Ба гузориши ИРНА, ин намоишгоҳ бо меҳварияти Хуросони Разавӣ аз рӯзи чаҳоршанбе ба муддати чаҳор рӯз бо ҳузури 36 ширкати эронии дорои ғурфа дар тамоми гурӯҳҳои колоӣ ва иқтисодӣ барпо шудааст.

Ширкатҳои ҳозир дар ҳавзаҳои мухталифе монанди мошинолоту масолеҳи сохтмонӣ, энержӣ, умрону роҳсозӣ, хадамоти шаҳрӣ, худрав ва саноеи вобаста, маъдан, саноати ғизоӣ, таҷҳизоти пизишкӣ, доруиву озмоишгоҳӣ, кишоварзиву саноеи вобаста, лавозими хонагӣ, маснуоти пластикӣ, фаршу саноеи дастӣ зарфиятҳову тавонмандиҳои худро ироа кардаанд.

Ҳамчунин Алиризо Рашидиён, устондори Хуросони Разавӣ бо Боварҷон Бойбек, шаҳрдори Алмаато дидор кардаву ду тараф дар бораи зарфиятҳои фарҳангӣ, саноатӣ, транзитӣ, кишоварзӣ, илмӣ, фанноварӣ ва технологӣ, заминаҳои сармоягузории муштараку ҳамкориҳои пизишкӣ баҳсу гуфтугӯ карданд.

Роҳандозии хати ҳавоии Машҳад- Алмаато, осонсозии судури раводид барои фаъолони иқтисодиву гардишгарон, ҳамкорӣ байни манотиқи вижаи иқтисодӣ бо ҳадафи тавлиди коло ва таъмини ниёзмандиҳои тарафи қазоқистонӣ, омодагии Хуросони Разавӣ барои сармоягузории қазоқҳо дар пружаҳо, тақвияти гардишгарии динӣ, ба вижа барои шаҳрвандони Қазоқистон ва осонсозии сафари онон ба Машҳад, тавсеаи ҳамкориҳои донишгоҳӣ ва барқарории тарофаҳои тарҷеҳӣ ва мубодилаи пул аз тариқи шабакаи бонкӣ байни ду тараф аз мабоҳиси баррасишуда буд.

 

 

Барчасп