Октябр 05, 2017 19:26 Asia/Dushanbe
  • Хати форсӣ, хати ниёгон ё хати Фарзандон?

Панҷуми октябр дар тақвими Тоҷикистон рӯзи забони тоҷикӣ (форсӣ) ном гирифтааст. Тоҷикистон аз миёни 15 ҷумҳурии узви иттиҳоди Шӯравӣ нахустин кишваре буд, ки дар торихи 22 июни соли 1989 забони форсии тоҷикиро ба унвони забони давлатӣ дар Шӯрои олӣ (парлумони вақт) ба тасвиб расонд. Баъдҳо ин муносибат ба рӯзи 22 июл мунтақил шуд ва дар соли 2009 низ ин торих боз тағйир кард ва аз он замон токунун рӯзи забони тоҷикӣ рӯзи панҷуми октябри ҳар сол таҷлил мешавад .

Хат низ бо забон робитае ногусастанӣ дорад ва ба муносибати рӯзи забони форсии тоҷикӣ, сухан гуфтан аз хат холӣ аз лутф нест. Дар луғатномаи Диҳхудо дар мадхали вожаи хат омадааст: “Хат ё дабира, ҳунар ё василае барои сабту навиштани зеҳниёт ва тафаккурот бо истифода аз алоимест, ки ба чашм ошно бошад ва дида шавад. Ҷоҳизо мегӯяд: Хат, забони даст аст ва ҳофизи афкору осор”.

Хати кунунӣ, ки тоҷикон бо он ме‌нигоранд, хати сириллик аст. То соли 1929 тоҷикон низ ҳамонанди дигар порсизабонон дар Эрону Афғонистон, ба хати форсӣ менавиштанд, аммо "Табар тақсим" сабаб шуд, онки зӯраш беш буд, хати дигареро бар мардуми форсизабони тоҷик таҳмил кунад. То соли 1991 ва фурупошии ҳукумати Шӯравӣ авзоъ бар ҳамин минвол буд ва сухан гуфтан аз бозгашт ба хати форсӣ, номумкин. Аммо аз он сол ва бо истиқлоли Тоҷикистон, замзамаи бозгашт ба расмулхатте, ки тоҷикон "Хати ниёгон" мехонанд, боло гирифт, ҳарчанд то имрӯз иқдоми амалии мушаххасе барои ҷойгузинии хати сириллик бо хати форсӣ дар Тоҷикистон иҷро нашудааст .

Ин навишта на қасд дорад бар зарурати ҷойгузинии хати сириллик бо хати форсӣ таъкид кунад ва на воқеияте чун салтанати Русия ва таъкидашро бар ҳифзи дабираи сириллик дар Тоҷикистон камаҳаммият медонад. Балки тоҷиконро даъват мекунад, то худ ба омухтани хати форсӣ иқдом кунанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имсол дар паёми худ ба муносибати рӯзи забони тоҷикӣ, забони модарии мардуми тоҷикро дар радифи ватан, истиқлол, ҳуввият, фарҳанг ва ойинҳои миллӣ ва аз ҷумла муқаддасоти тоҷикон хонда ва аз тамомии шаҳрвандони Тоҷикистон дархост кардааст, ки дар рушду ҳифзи забони модарии хеш ва интиқол додани он ба наслҳои оянда, кушо бошанд. Талош барои рушд додан ва ҳифзи забони модарӣ ва супурдани он ба ояндагон, бидуни талош барои омухтани хате, ки бартарин осори адабии он забон бидон нигошта шудааст, мумкин нест .

Аммо нахустин ва муҳимтарин марҳала дар ёдгирии хати форсӣ, тағйири нигоҳ ба он аст. Тоҷикҳо дар даврони Шӯравӣ, хати форсиро хати ниёгон хонданд, то битавонанд онро ҳамчун мероси арзишманди ниёгонашон ҳифз кунанд ва аз газанд дур бидоранд. Аммо имрӯз рӯзгори дигарест. Ба хати форсӣ, хати ниёгон гуфтан, агарчи арзиши ин хатро назди тоҷикон нишон медиҳад, аммо як маънои ғайримустақими нохоста ҳам дорад: Хате, ки ҳамчун мероси пурбаҳо, бояд онро бар лаби тоқча ниҳод ва нигарист на инки аз он истифода кард. Аммо оё ба ростӣ хати форсӣ чунин аст? Хати форсӣ имрӯз ба унвони хати забони форсӣ расмият дорад. Аз оғози пайдоиши шабакаи ҷаҳонии интернет, эрониён ва афғонон бо хати форсӣ дар ин фазои ҷадид ҳузур ёфтаанд. Имрӯз тоҷикон бо ёд гирифтани хати форсӣ метавонанд ба дарёи бекароне аз донишу иттилоот дастрасӣ ёбанд ва аз бунбасти кунунӣ, ки ношӣ аз сухан гуфтан ба як забон ва навиштан ба хати марбут ба забоне дигар аст, берун оянд .

Оре, имрӯз рӯзгори дигарест. Имрӯз Тоҷикистон соҳибистиқлол аст ва тоҷикон соҳиби давлат. Мардуми Тоҷикистон бояд, ки дар ин рӯзгор, хати форсиро на хати ниёгон, ки хати фарзандон номанд, то ҳамвора ба ёд дошта бошанд, ҳамаи фарзандони Тоҷикистон аз ин пас бояд хати форсиро биомузанд ва боз ба фарзандони худ омӯзиш диҳанд. Имрӯз ҳар навҷавону ҷавони тоҷик бояд битавонад девонҳои Ҳофиз ва Саъдӣ ва Мавлонову Низомӣ ва Фирдавсиву Ҷомӣ ва Аттору ашъори Рӯдакӣ ва Саноӣ ва даҳҳо шоири баландовозаи дигарро ба хати аслӣ, ки ашъор бидон навишта шудаанд, бихонад. Ингуна аст, ки дар ояндаи наздик ҳам тоҷикон аз самараи ин омухтан ба накутарин шева баҳраманд мешаванд ва ҳам эрониён ва афғонон аз дониши мактуби муосири тоҷикон, ки ба сабаби навишта шудан ба ҳуруфи ноошно, барои онон қобили фаҳм нест, баҳра хоҳанд бурд .