Октябр 05, 2017 20:37 Asia/Dushanbe
  • Дидгоҳи раҳбарӣ: Ҳамапурсии Курдистони Ироқ, муқаддамаи эҷоди “Исроили ҷадид” дар минтақа

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидори Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, бо ишора ба манофеи Амрико ва режими саҳюнистӣ аз баргузории ҳамапурсӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ, изҳор карданд: Амрико ва қудратҳои хориҷӣ ғайри қобили эътимод ва ба дунболи эҷоди як “Исроили ҷадид” дар минтақа ҳастанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ баргузории ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқро хиёнат ба минтақа ва муҷиби таҳдиди ояндаи он хонданд ва бо ишора ба аворизи дарозмуддати ин иқдом барои ҳамсоягон таъкид карданд: Эрону Туркия бояд дар муқобила бо ин ҳодиса, ҳар иқдоми мумкинро анҷом диҳанд ва давлати Ироқ низ бояд дар ин қазия ба сурати ҷиддӣ тасмимгирӣ ва иқдом кунад.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, нигоҳи Амрико ва давлатҳои аврупоӣ ба масъалаи ҳамапурсӣ дар Курдистони Ироқ бо нигоҳи Эрону Туркия комилан мутафовит буда, Амрико моил аст, ки ҳамвора як омили озордиҳанда зидди Эрону Туркия дар ихтиёр дошта бошад.

Ҷумҳурии исломии Эрон ва Туркия, бо асли ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ мухолиф ҳастанд ва аз моҳҳо қабл аз баргузории он, мавозеи худро сареҳу ошкор эълом карданд. Теҳрону Анкара акнун ҳам иқдоми Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқро дар иҷрои ҳамапурсӣ маҳкум ва онро ба зиёни манофеи олии курдҳо, амният ва суботи Ироқ ва кулли минтақа медонанд .

Рӯҳонӣ дар нишасти хабарии муштарак ба ҳамроҳи Эрдуғон изҳор кард, “Мардуми Курдистони Ироқ ҳамсоягони хубе ҳастанд ва намехоҳем, фишоре бар онон ворид шавад, аммо тасмимоти иштибоҳе, ки бархе сарони минтақаи Курдистони Ироқ иттихоз кардандро бояд ҷуброн кунанд ва дар ин чорчуб, Эрон, Туркия ва давлати марказии Ироқ ночор ҳастанд, бо тасмимоти худ аҳдофи роҳбурдиашонро дар минтақа дунбол кунанд”.   

Навъи мавзеъгирии ғарб ба вижа Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ, ки ҳамкории нафтӣ бо минтақаи Курдистони Ироқ доранд, нишон медиҳад, онон бо ҳамапурсии ҷудоии иҷрошуда дар ин минтақа мухолиф нестанд. Агарчи Амрикову аврупоиҳо дар сиёсати эъломии худ бар ваҳдати Ироқ таъкид доранд, аммо асли ҳамапурсиро рад накарданд ва дар масире ҳаракат мекунанд, ки режими Исроил гом барме‌дорад .

Бо таваҷҷуҳ ба иртиботи тарҳи ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ бо сиёсат ва хости режими Исроил, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ба дурустӣ дар Теҳрон таъкид кард, “Тасмиме, ки бо нишастан бар сари мизи музокира бо Моссад иттихоз шуда бошад, ба ҳеч ваҷҳ машруъ ва мавриди қабул нест”.

Ҳимояти ошкори режими саҳюнистӣ аз ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ ва мавозеи дупаҳлуи Амрико дар ин замина нишон медиҳад, ин як тарҳи саҳюнистӣ- амрикоӣ аст, ки кишварҳои бузург монанди Ироқу Сурия ба кишварҳои кӯчактар табдил шаванд. Ҳамонтавр, ки Эрдуғон дар дидор бо раҳбари муаззами инқилоби исломӣ тасреҳ кард: “Бар асоси асноду шавоҳиди ғайри қобили инкор, Амрикову Исроил дар бораи масъалаи Курдистони Ироқ ба як тавофуқи куллӣ расидаанд ва Боризонӣ бо баргузории ҳама‌пурсӣ, хатое ғайри қобили бахшиш муртакиб шуд”.

 

Барчасп