Октябр 06, 2017 16:34 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Ҳамапурсии Курдистони Ироқ хиёнат буд

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон гуфт, масъулони минтақаи Курдистони Ироқ бо бетаваҷҷуҳӣ ба насиҳатҳои Ҳукумати Ироқ ва кишварҳои минтақа бо баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар ин минтақа муртакиби хиёнат шуданд.

Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки ҳама кишварҳои ҷаҳон ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистонро ба расмият нашинохтанд, тасреҳ кард, ҳамкорӣ ва ҳампаймонии Эрон, Ироқ ва Туркия роҳкори муассире барои муқобилаи ҷиддӣ ва муассир бо тавтеаи ҳамапурсии минтақаи Курдистони Ироқ аст.

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон дар идома бо маҳкум кардани ҳамлаи террористӣ ва куштори мардум дар шаҳри Лас-Вегаси Амрико тасреҳ кард, Эрон куштори бегуноҳон дар ҳар ҷойи ҷаҳонро маҳкум мекунад, аммо муътақид аст, Амрико ва Ғарб бояд ба бархӯрди дугонаи худ дар қиболи куштори мардуми бегуноҳи ҷаҳон, аз ҷумла дар Яман поён диҳанд. Оятуллоҳ Аҳмад Хотамӣ ҳамчунин бо ишора ба нақзи тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ аз сӯйи Амрико таъкид кард, БАРҶОМ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили музокираи муҷаддад нест ва мардуму масъулони Эрон ҳамчунон ба Амрико беэътимод ҳастанд.

 

Барчасп