Кашфи як хонаводаи тоҷик аз дохили бор дар гумрук
Гумруки Эрон аз кашфи ҳафтумин маҳмулаи қочоқи инсон дар соли ҷорӣ хабар дод, ки дар он як хонаводаи аҳли Тоҷикистон бо махфӣ шудан дар дохили бори варақи филизӣ (тунука), қасди хуруҷ аз гумруки Бозаргонро доштанд.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин дувумин маҳмулаи қочоқи инсон тайи як ҳафтаи гузашта ва ҳафтумин маҳмула дар соли ҷорӣ аст, ки тавассути тими контроли маҳмулаҳо дар гумрук ва аз дохили бори комюн (камаз) кашф мешавад.
Маъмурони гумруки Бозаргон (Табрез, марзи байни Эрону Туркия) дар бозрасӣ аз комюнҳои хуруҷии ин бор як маҳмула қочоқи инсони хонаводагӣ кашф карданд, ин афрод шомили як мард, як зан ва як кӯдак буданд, ки қасд доштанд бо махфӣ шудан дар дохили бори варақи филизии як комюни хуруҷӣ, ба сурати ғайриқонунӣ аз Эрон хориҷ шаванд.
Муҳоҷирон аъзои як хонавода бо тобеияти кишвари Тоҷикистон буданд, ки қасд доштанд ба сурати ғайриқонунӣ ва қочоқ ба кишвари Туркия ва аз он ҷо ба яке аз кишварҳои аврупоӣ бираванд.
Ҳафтаи гузашта низ маъмурони гумрук дар бозрасӣ аз як маҳмула, як зану се мардро, ки дар дохили бор махфӣ шуда буданд ва қасд доштанд ба сурати ғайриқонунӣ ва қочоқ аз кишвар хориҷ шаванд, кашф карданд.
Гумруки Эрон бар асоси арзёбиҳои Созмони ҷаҳонии гумрук рутбаи дувумро дар мубориза бо анвои қочоқ ва рутбаи нахусти дунёро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ихтиёр дорад.