Эрон беҳтарини тим дар радабандии ФИФА
(last modified Sun, 08 Oct 2017 13:17:40 GMT )
Октябр 08, 2017 18:17 Asia/Dushanbe
  • Эрон беҳтарини тим дар радабандии ФИФА

Бар асоси амалкард ва омори тимҳои миллии кишварҳои мухталиф дар ҷомҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳурии исломии Эрон бартарин кишвар дар радабандии федератсияи байналмилалии футбол ФИФА аст.  

Бар асоси омору иттилооти ФИФА ва баррасӣ ва муқоисаи амалкарди кишварҳои мухталиф дар ҷомҳои ҷаҳонӣ, ҷумҳурии исломии Эрон аз назари теъдоди тимҳои суудкунанда ба ҷомҳои ҷаҳонии 2016-2017, дар садри радабандии федератсияи байналмилалии футбол ФИФА қарор гирифтааст .

Бар асоси ин гузориш, дар ин муқоиса, 25 тими аввали радабандии ФИФА ва 10 тими аввали радабандӣ дар қорраи Осиё мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва дар ҷамъи ин кишварҳо, ҷумҳурии исломии Эрон танҳо кишварест, ки панҷитимаш дар ҷомҳои ҷаҳонии мухталифи футбол, футсал, футболи соҳилӣ ва ҷавонону навҷавонон ҳузур пайдо кардааст.  

Панҷ ҳузури Эрон дар ҷомҳои ҷаҳонӣ иборатанд аз тими бузургсолони Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, тими футзали Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футзали 2016 Кулумбия, тими ҷавонон дар Ҷоми ҷаҳонии 2017 Кореяи Ҷанубӣ ва тими навҷавонони Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии навҷавонони 2017 Ҳинд ва тими футболи соҳилии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соҳилии 2017 Багама аст .