Октябр 09, 2017 12:47 Asia/Dushanbe
  • Мақоми нахусти мусобиқоти Қуръони Маскав барои қории эронӣ

Қории мумтоз ва байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон, мақоми нахусти 18-умин давраи Мусобиқоти байналмилалии қироати Қуръони карими Маскавро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Амир Лаъли Аввал, қории байналмилали Эрон дар марҳалаи ниҳоии 18-умин давраи Мусобиқоти байналамилалии ҳифз ва қироати Қуръони карим дар Маскав, аз миёни 40 қории бартар аз 32 кишвар бо раъйи доварон тавонист, мақоми нахустро ба худ ихтисос диҳад.

Муҳаммад Самир Муҳаммад аз Баҳрайн ва Аҳмад Ал Ҳалбӣ аз Сурия низ дар ин мусобиқот, мақомҳои дуввум ва сеюмро касб карданд.

Амир Лаъли Аввал, қории машҳадӣ дар маросими ихтитомияи Мусобиқоти байналмилалии ҳифз ва қироати Қуръони карим дар Маскав низ ба тиловати оёте аз Қуръон пардохт.

 

Барчасп