Барномаи мушакии Эрон муғойирате бо қатъномаи 2231 надорад
(last modified Mon, 09 Oct 2017 12:45:42 GMT )
Октябр 09, 2017 17:45 Asia/Dushanbe
  • Барномаи мушакии Эрон муғойирате бо қатъномаи 2231 надорад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, сиёсати тавсеаи мушакии Эрон ҳеч муғойирате бо қатъномаи 2231 -и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид надорад.

Баҳроми Қосимӣ дар нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар бораи тағйири мавозеи ҷумҳурии исломӣ дар музокироти ҳастаӣ ва мушакӣ афзуд: Тавсеаи мушакӣ бахше аз сиёсати дифоии Эрон аст ва ин сиёсат монанди собиқ ва бо ҷиддияти тамом идома хоҳад ёфт .

Ӯ бо баёни инки ҳеч тағйире дар сиёсатҳои Эрон эҷод нашудааст, гуфт: Дар хусуси масоили дифоӣ иҷозаи ҳечгуна вуруд ва дахолат ба соири давлатҳоро нахоҳем дод .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи ҳушдори фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Эрон ба давлати Амрико мабнӣ бар эҳтимоли террористӣ номидани сипоҳ гуфт: Агар ҳайъатҳокимаи Амрико ин хатои стратегии муҳимро анҷом диҳад, посухи Эрон сахт, қотеъ ва кубанда хоҳад буд ва Амрико бояд табаоти онро бипазирад.

Сухангуи дастгоҳи дипломатии Эрон дар бораи нишасти отии сарони Эрон, Туркия ва Ироқ дар Бағдод ва ройзанӣ дар бораи ҳамапурсии минтақаи Курдистон ҳам эълом кард: Байни се кишвар тамосҳои дақиқ ва мустамаре барқарор аст ва дар бораи замони дидори раисони се кишвар дар оянда иттилоърасонӣ хоҳад шуд .

Қосимӣ дар бораи изҳороти ахири Юкия Амано, мудири кулли Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ дар бораи банди T тавофуқи ҳастаӣ, ки бино бар иддаои ӯ метавонад барои сохти силоҳи ҳастаӣ мавриди истифода қарор гирад ҳам тасреҳ кард, Ожонсии байналмилалии энержии атомӣ ҳаштбор дар бораи барномаи ҳастаии Эрон гузориш дода ва онро тайид кардааст .

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи рӯйкарди аврупоиҳо дар қиболи тавофуқи ҳастаӣ низ гуфт: Давлатҳои аврупоӣ дар маҷмуаи калони худ ва ба далоили мухталиф бо шиддат ва ҷиддияти тамом, муқобили сиёсати Амрико истодаанд ва қарор аст, ҳамкориҳои худро бо Эрон идома диҳанд .