Октябр 09, 2017 20:55 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти каштии тиҷории эронӣ аз дасти дуздони дарёӣ  

Як фарванд каштии тиҷории эронӣ бо кумак аз новшикани размии нерӯи дарёии артиши ҷумҳурии исломии Эрон Алванд, аз дасти дуздони дарёӣ наҷот ёфт.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, амир дарёдор Ҳусайни Озод, фармондеҳи минтақаи якуми нерӯи дарёии артиши Эрон эълом кард: Каштии тиҷории Эрон, ки дар обҳои уқёнуси Ҳинд дар ҳоли ҳамли колои асосӣ ба бандарҳои Эрон буд, мавриди ҳамлаи ҳафт фарванд шиновари дуздони дарёӣ қарор гирифт .

Ба гуфтаи вай, новшикани Алванд пас аз дарёфти дархости кумак ба маҳал эъзом шуд ва бо иҷрои амалиёти тупхонаӣ, дуздони дарёӣ мутаворӣ шуданд .

Дарёдор Озод гуфт: Каштии тиҷории Эрон бо эскорти новгурӯҳи артиш то обҳои амн ҳамроҳӣ шуд ва дар ҳоли наздик шудан ба савоҳили Эрон аст .

Новшикани ҷумҳурии исломии Эрон Алванд дар қолаби новгурӯҳи чиҳилу ҳаштуми нерӯи дарёии артиши Эрон, сентябри 2017 барои маъмурият ба обҳои озод эъзом шудааст .

 

Барчасп