Октябр 10, 2017 20:28 Asia/Dushanbe
  • Мақоми низомии Эрон: Ҷаҳон аз рафтори Амрико бетоб шудааст

Сухангӯи аршади нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, рафтори Амрико ҷаҳониёнро бетоб карда ва вақти он аст, ки ба Амрико дарсҳои ҷадид дода шавад.

Ба гузориши хабаргузори ИРНА, сардор Сайидмасъуди Ҷазоирӣ гуфт, зоҳиран давлати Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҳарфе ҷуз дашномро намефаҳмад ва ниёз ба шокҳое дорад, то мафҳуми ҷадиди қудрат дар ҷаҳони имрӯзро дарк кунад. Сухангӯи аршади нерӯҳои мусаллаҳи Эрон афзуд, даврони ҳузуру султаи Амрико дар ғарби Осиё ба поён расида ва муддатҳо аз марги Ховари Миёнаи ҷадиди амрикоӣ гузаштааст. Сардор Ҷазоирӣ таъкид кард, сиёсат ва мантиқи Ҷумҳурии Исломии Эрон мабнӣ бар афзоиши қудрати дифоии кишвар як масъалаи тардиднопазир аст ва имрӯз, ки амрикоиҳо расман ва сароҳатан Эронро таҳдиди низомӣ мекунанд, мардуми ҷаҳон ба дурусту дақиқ будани ин тадбир бештар пай мебаранд.

 

Барчасп