Октябр 11, 2017 22:27 Asia/Dushanbe
  • Ирсоли сеюмин маҳмулаи кумакҳои Эрон ба мусулмонони Мянмар

Сеюмин маҳмулаи кумакҳои ҷумҳурии исломии Эрон барои оворагони Роҳингия ба Бангладеш ирсол шуд.

Ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон токунун 130 тонна маводи ғизоӣ, доруӣ, пушок ва дигар ақломи мавриди ниёз барои мардуми мусулмони Мянмар ба Бангладеш ирсол кардааст .

Ҳамчунин тиме аз мудирони аршаду коршиносони Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ ва ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Эрон барои баррасии вазъияти беҳдоштӣ ва кумакрасонӣ ба оворагони мусулмони Мянмар вориди Дакка, пойтахти Бангладеш шуданд .

Ба гуфтаи Аббоси Воизӣ, сафири Эрон дар Бангладеш, Эрон дар талош аст, барои рафъи мушкили беморони овораи мянмарӣ дар Бангладеш, бемористони саҳроӣ эҳдос кунад.

Устони Рахин аз соли 2012 саҳнаи ҳамалоти артиши Мянмар ва будоҳои ифротӣ ба мусулмонони роҳингияӣ аст .

Як миллион мусулмони роҳингияӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Мянмар маҳрӯм ҳастанд .

 

Барчасп