Таҷаммӯи эътирозии донишҷӯёни эронӣ дар вокуниш ба изҳороти хасмонаи Трамп
(last modified Sat, 14 Oct 2017 08:30:22 GMT )
Октябр 14, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Таҷаммӯи эътирозии донишҷӯёни эронӣ дар вокуниш ба изҳороти хасмонаи Трамп

Дабири Шӯрои табйини мавозеи басиҷи донишҷӯии Эрон гуфт, донишҷӯёни донишгоҳҳои саросари Эрон имрӯз (шанбе) ва фардо муқобили масҷиду донишгоҳҳо таҷаммуоти эътирозӣ алайҳи ёвагӯиҳои раиси ҷумҳурии Амрико баргузор хоҳанд кард.

Амини Салимӣ эълом кард, қарор аст як таҷаммӯи эътирозӣ низ бо ҳузури ҳамаи донишҷӯёни донишгоҳҳои устони Теҳрон алайҳи ёвагӯиҳои раиси ҷумҳурии Амрико баргузор шавад.

 Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико рӯзи ҷумъа бо такрори иттиҳомоти беасоси гузашта зидди миллати Эрон ва бо таъйид накардани пойбандии Теҳрон ба рӯҳи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом), муддаии ҳимояти Эрон аз терроризм шуд ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дар листи таҳримҳои ҷадид қарор дод.

 

Барчасп