Вазири хориҷаи Эрон: Дигар ҳеҷ кас ба Амрико эътимод нахоҳад кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24615-Вазири_хориҷаи_Эрон_Дигар_ҳеҷ_кас_ба_Амрико_эътимод_нахоҳад_кард
Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, рафторҳои Доналд Трамп дар баробари БАРҶОМ, эътибори Амрикоро хадшадор карда ва боис шудааст дигар касе ба Амрико эътимод накунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 15, 2017 11:13 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Эрон: Дигар ҳеҷ кас ба Амрико эътимод нахоҳад кард

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, рафторҳои Доналд Трамп дар баробари БАРҶОМ, эътибори Амрикоро хадшадор карда ва боис шудааст дигар касе ба Амрико эътимод накунад.

Муҳаммадҷаводи Зариф шаби гузашта дар гуфтугӯ бо шабака амрикоии CBS гуфт: Раиси ҷумҳурии Амрико чашми худро бар воқеиёт бастааст.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико ҷумъашаб бидуни таваҷҷуҳ ба ҳашт гузориши Ожонси байналамилалии энержии атомӣ, ки дар онон пойбандии Эрон ба БАРҶОМ таъкид шудааст, эълом кард, пойбандии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштаракро таъйид нахоҳад кард.

Ҳарчанд ин иқдом бо ҳадафи лағви ин тавофуқи байналамилалӣ сурат гирифт, аммо Иттиҳодияи Аврупо ва бисёре дигар аз кишварҳои ҷаҳон пас аз ин изҳороти Трамп эълом карданд, монанди гузашта аз БАРҶОМ комилан ҳимоят хоҳанд кард.