Содироти маҳсулоти ширии Эрон ба 30 кишвари ҷаҳон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i24730-Содироти_маҳсулоти_ширии_Эрон_ба_30_кишвари_ҷаҳон
Муовини умури тавлидоти домии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон аз содироти ҳудуди як миллион тон маҳсулоти ширӣ дар соли гузашта (2016 ) хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 18, 2017 15:55 Asia/Dushanbe
  • Содироти маҳсулоти ширии Эрон ба 30 кишвари ҷаҳон

Муовини умури тавлидоти домии Вазорати ҷиҳоди кишоварзии Эрон аз содироти ҳудуди як миллион тон маҳсулоти ширӣ дар соли гузашта (2016 ) хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Ҳасани Рукнӣ афзуд, содироти маҳсулоти ширии Эрон дар қолаби 20 моддаи ширӣ ба ҳудуди 30 кишвари ҷаҳон ирсол мешавад.

Вай яке аз барномаҳои воҳидҳои санъатии чорвопарварӣ дар Эронро афзоиши тавлиду содироти маҳсулоти роҳбурдие монанди ширу гӯшт эълом кард.

Ба гуфтаи вай, муҳитҳои илмии Эрон дар бахши кишоварзӣ ва чорводорӣ тавсеа ёфтаву заминаҳои дастёбӣ ба илми навини ҷаҳонӣ дар ин бахшҳо ба роҳатӣ имконпазир шудааст.