Октябр 19, 2017 14:45 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақоми аршади низомии Эрон бо Башор Асад

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва раиси ҷумҳурии Сурия дар Димишқ дидор ва дар бораи таҳаввулоти ин кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши ИРНА, сардори сарлашкар посдор Муҳаммади Боқирӣ рӯзи панҷшанбе дар дидор бо Башор Асад дар Димишқ, пирӯзии ахири артишу нерӯҳои мусаллаҳи Сурияро ба вай табрик гуфт ва ибрози умедворӣ кард, терроризм ҳар чӣ зудтар аз саросари хоки Сурия решакан шавад.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин бар идомаи ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломии Эрон аз миллату давлати Сурия таъкид кард.

Раиси ҷумҳурии Сурия низ дар ин дидор аз ҳимоятҳои ҳамаҷонибаи Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, давлату миллати Ҷумҳурии исломии Эрон аз Сурия дар мубориза бо терроризм қадрдонӣ кард.

Раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи сешанбе дар садри ҳайате низомӣ вориди Димишқ - пойтахти Сурия шуд ва бо мақомҳои аршади ин кишвар дидор кард.

Афзоиши ҳамкориҳои дифоиву низомии Эрону Сурия, идомаи ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм ва баррасии роҳкорҳои суботу амнияти минтақа аз аҳдофи сафари раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба Димишқ аст.

 

Барчасп