Октябр 19, 2017 17:37 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазирони дифои Эрон ва Русия бар идомаи мубориза бо терроризм

Вазирони дифои Эрон ва Русия дар тамоси телефонӣ, дар бораи равобит ва ҳамкориҳои дифоии ду кишвар, таҳаввулоти минтақаӣ, байналмилалӣ ва мубориза бо терроризм гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, генерал Амири Ҳотамӣ, вазири дифои ҷумҳурии исломии Эрон дар гуфтугӯи телефонӣ бо Сергей Шайго, вазири дифои Русия гуфт: Боло бурдани қудрату тавони дифоии ду кишвар ҷиҳати таҳкими амният ва оромиш дар минтақа ва ҷаҳон аз авлавиятҳои муҳими ҳамкориҳои Теҳрон-Маскав аст .

Вазири дифои Эрон тасреҳ кард: Асабоният ва ташдиди фишорҳои Амрико алайҳи Эрон ношӣ аз ҳамкориҳои Эрону Русия дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ба вижа дар Сурия буда, ки тарҳҳои мухталифу хатарноки Амрикоро мутаваққиф кардааст .

Генерал Ҳотамӣ ҳамчунин бо қадрдонӣ аз мавозеъ ва ҳимояти давлати Русия аз нақши Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар мубориза бо терроризм гуфт: Сипоҳ бозуи қудратманди Эрон, давлатҳо ва миллатҳои минтақа дар мубориза бо терроризм аст ва ҳеч омиле қодир нест, сипоҳро аз ин масъулият боздорад .

Сергей Шайго, вазири дифои Русия низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, бар муборизаи ҷиддӣ бо терроризми байналмилалӣ ва минтақаӣ таъкид кард.

Вазири дифои Русия ҳамчунин ба ҳимояти қотеи кишвараш аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак БАРҶОМ ишора карду гуфт: Пайбандии Эрон ба БАРҶОМ мавриди тайиди давлати Русия буда ва зарурате ба лағв ва ё хуруҷи дигарон аз БАРҶОМ дида намешавад .

 

Барчасп