Октябр 20, 2017 17:01 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Истикбори ҷаҳонӣ аз моҳияти Инқилоби Исломӣ хашмгин аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, иллати хашми истикбори ҷаҳонӣ аз Эрон таҳаммул накардани моҳияти Инқилоби Исломӣ барои низоми султа аст.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Козим Сиддиқӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон иллати изҳороти вақеҳона ва зиддиэронии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрикоро таҳаммул накардани асос ва моҳияти Инқилоби Исломии Эрон донист. Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон афзуд, низоми султа аз ибтидои пирӯзии Инқилоби Исломӣ анвои тавтеаҳо, аз ҷумла эҷоди тафриқа ва ҷанги таҳмилии ҳаштсола алайҳи Эронро амалӣ кард, аммо бо ҳушёрии Имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва басирати миллати Эрон ин тавтеаҳо ноком монд. Ӯ иллати эъмоли таҳримҳои Амрико алайҳи Сипоҳи посдоронро муқобилаи ин ниҳод бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқу Сурия дониста гуфт, иқдомоти Сипоҳ нақшаҳои шуми Амрикоро дар Ховари Миёна хунсо кардааст.

Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Козим Сиддиқӣ ҳамчунин ба нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак аз сӯйи Амрико ишора карда гуфт, бо вуҷуди пойбандии Эрон ба БАРҶОМ душмании Амрико бо Эрон бештар шуда, зеро он кишвар дар пайи коҳиши нуфузи минтақаӣ ва қудрати мушакии Эрон бо ҳадафи халъи силоҳи Эрон аст.

 

Барчасп