Октябр 20, 2017 17:47 Asia/Dushanbe
  • Имзои панҷ тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Эрон ва муассисаҳои байналмилалӣ

Панҷ тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Анҷумани илмии периодонтологияи (periodontology) Эрон ва муассисаҳои муътабари байналамилалӣ дар заминаи ҷарроҳии милки дандон ва дандонпизишкӣ имзо шуд

Ба гузориши хабаргузории “Садо ва симо”-и Эрон, ин тафоҳумномаҳо бо анҷуманҳои периодонтологияи Амрико, периодонтологияи Аврупо, “Инплант”-и Амрико, ҳамчунин Донишгоҳи Бонни Олмон ва Донишгоҳи Италия дар ҳошияи баргузории 17-умин Конгресси байналмилалии периодонтология дар Теҳрон имзо шуд.

Периодонтология шохае аз дандонпизишкӣ аст, ки ба баррасӣ, ташхис ва дармони бемориҳои марбут ба бофтҳои милки дардон мепардозад.

Ҳабдаҳумин Конгресси байналмилалии периодонтологияи Эрон аз 17-уми октябр дар Теҳрон оғоз ба кор кардааст ва имрӯз ба кори худ поён медиҳад.