Қатори мусофиратии Машҳад-Тошканд роҳандозӣ мешавад
Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон аз омодагии ин кишвар барои роҳандозии қатори мусофиратии Машҳад – Тошканд хабар дод.
Ба гузориши рӯзи душанбеи радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории “Меҳр”, Аббоси Охундӣ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон дар дидор бо Элёр Ғаниев, вазири тиҷорати хориҷии Ӯзбакистон хостори тавсеаи ҳамкориҳои ҳамлу нақл байни Эрону Ӯзбакистон шуд.
Охундӣ гуфт, ду кишвар метавонанд пружаи қатори мусофирбарии Машҳад-Тошкандро амалӣ кунанд ва дар сурати роҳандозии ин хати роҳи оҳан барои визаҳои мусофирӣ низ бояд осониҳое қоил шуд.
Вазири роҳу шаҳрсозии Эрон бо ишора ба пружаи иттисоли роҳи оҳани Эрон ба роҳи оҳани Ҳироти Афғонистон низ гуфт: “Мо дар ҳоли ҳозир ба дунболи эҳдосу такмили долони сеҷонибаи Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон ҳастем, ки қатъан метавонад дар солҳои ояндаи тавсеаи бештаре пайдо кунад”.
Вазири тиҷорати хориҷии Ӯзбакистон низ дар ин дидор бар тамоюли кишвараш ба иртиқои равобити ҳамлу нақлӣ бо Эрон таъкид карду гуфт, Ӯзбакистон барои такмилу баҳрабардорӣ аз пружаи хати оҳани саросарии Афғонистон тамоюли бисёр зиёде дорад, зеро ба нафъи ҳар се кишвар аст ва ҳатто транзити коло то бандари Чобаҳори Эронро афзоиш хоҳад дод.
Бо рӯйи кор омадани давлати Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбакистон пас аз даргузашти Ислом Каримов, Тошканд талош дорад равобити худро бо ҳамсоягон ва кишварҳои минтақа беҳбуд бахшад.