Намоиши сангҳои осмонӣ дар нахустин музеи шаҳобсанги дунё
(last modified Mon, 23 Oct 2017 16:16:15 GMT )
Октябр 23, 2017 21:16 Asia/Dushanbe
  • Намоиши сангҳои осмонӣ дар нахустин музеи шаҳобсанги дунё

 54қитъа аз шаҳобсангҳои сабти ҷаҳонӣ, дар нахустин музеи сангҳои осмонии дунё дар шаҳри Нароқ дар маркази Эрон ба намоиш гузошта шуд.   

Шаҳрдори Нароқ дар ин бора гуфт: Ин теъдоди санги осмонии сабтшудаи ҷаҳонӣ муташаккил аз 36 қитъаи шаҳобсанг, 16 қитъаи санги шишаӣ, як қитъа санги ҳовии алмаз ва як қитъа шаҳобсанги Делиҷон аст .  

Ба гуфтаи Маҳдии Исмоилӣ, ин сангҳо аз саросари дунё ҷамъоварӣ шуда ва онҳоро профессор Эраҷи Ишқӣ ба музеи шаҳобсанги Нароқ ба унвони нахустин музеи шаҳобсанги дунё эҳдо кардааст .

Ӯ идома дод: Ин аҷроми осмонӣ аз намунаҳои камназири Меркурий, моҳ ва Марс аст, ки дар маҳалли бархурди шаҳобсанги Нароқ ба як мадрасаи духтарона дар ин шаҳр, ба намоиш гузошта шудааст .

43 сол қабл, як санги осмонӣ ба вазни се килову 200 грамм бар рӯи шаҳри Нароқ суқут кард, ки ин нахустин санги осмонист, ки суқути он дар як минтақаи маскунӣ гузориш шудааст .

Ин санг бар рӯи як дабиристони навсоз дар ин шаҳр суқут кард ва пас аз сурох кардани сақфи озмоишгоҳи дабиристон, бо паҳноии 30 сантиметр дар кафи озмоишгоҳ фуруд омад .

Ба гуфтаи коршиносон, шаҳобсанги Нароқ аз ҷинси силис аст ва миллионҳо соли пеш аз санги модар ҷудо шуда ва пас аз саргардонӣ дар шаҳри Нароқ фуруд омад, ки ин рӯйдод муҷиби шуҳрати ҷаҳонии ин шаҳр ба лиҳози илмӣ ва торихӣ шуд .

Бо барномарезии анҷомшуда ва баргузории нишастҳое бо устод ва пажуҳишгари Донишгоҳи Ахени Олмон, соли оянда нахустин музеи доимии шаҳобсанги дунё ба сурати расмӣ дар ин мадраса роҳандозӣ хоҳад шуд .