Теҳрон мизбони мудири кулли Ожонси байналамилалии энержии атомӣ
(last modified Sun, 29 Oct 2017 08:41:44 GMT )
Октябр 29, 2017 13:41 Asia/Dushanbe
  • Теҳрон мизбони мудири кулли Ожонси байналамилалии энержии атомӣ

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо раиси Созмони энержии атомии Эрон дар Теҳрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Юкия Амано имрӯз дар дидор бо Алиакбари Солеҳӣ дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, масоили муртабит бо Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ва мавзӯъҳои подмонӣ ва протоколӣ гуфтугӯ кард.

Қарор аст Юкия Амано ва Солеҳӣ пас аз ин дидор дар нишасти хабарии муштарак ширкат кунанд.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ аз замони иҷроии БАРҶОМ (январи 2016) то кунун бо интишори ҳашт гузориш, пойбандии комили Ҷумҳурии Исломии Эронро ба тавофуқи ҳастаӣ таъйид кардааст.

Юкия Амано мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ шанбешаб вориди Теҳрон шуд ва қарор аст бо бархе дигар аз масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кунад.