Октябр 29, 2017 15:52 Asia/Dushanbe
  • Вуруди ҳайати эронӣ ба музокироти сулҳи Сурия дар Остона

Ҳайати эронии ширкаткунанда дар ҳафтумин даври музокироти Остона ба сарпарастии Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ муовини арабӣ-африқоии вазири хориҷаи Эрон имрӯз вориди пойтахти Қазоқистон шуд.

Ҳафтумин даври музокироти Остона рӯзҳои душанбе ва сешанбе бо ҳузури ҳайатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия, Туркия ва намояндаи давлати Сурия дар шаҳри Остона пойтахти Қазоқистон баргузор мешавад.

Пеш аз ин сешанбеи ҳафтаи гузашта (25 октябр) Александр Лаврентов намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия ва Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ муовини арабӣ ва африқоии вазири хориҷаи Эрон дар Теҳрон дар бораи дастури кори ҳафтумин даври нишасти Остона барои ҳалли буҳрони Сурия гуфтугӯ карданд.

Раванди Остона ба ибтикори Эрон, Русия ва Туркия бо ҳадафи ҳалли сиёсии буҳрони Сурия шакл гирифта ва то кунун шаш давр аз музокироти сурӣ-сурӣ дар Остона, пойтахти Қазоқистон, баргузор шудааст.

Раванди Остона таъсиргузортарин раванд дар ҳалли буҳрони Сурия буда, ки хориҷ аз иродаи давлати Амрико шакл гирифтааст ва ҳамчунон нишастҳои он баргузор мешавад.

 

Барчасп