Октябр 29, 2017 17:56 Asia/Dushanbe
  • Ҳашт донишгоҳи эронӣ дар феҳристи бартаринҳои ҷаҳон

Маркази рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон ҳашти донишгоҳи эрониро дар феҳристи бартаринҳои худ ҷой дод.

Маркази рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон танҳо низомест, ки кайфияти омӯзиш ва таълиму тарбияти донишҷӯён, рутбаи аъзои ҳайъати илмӣ ва кайфияти пажуҳиши донишгоҳҳоро бениёз аз паймоишҳои роиҷ ва пурсишномаҳо ме‌санҷад.  

Маркази рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон вироиши 2017 худро дар бораи “Рутбабандии донишгоҳҳои ҷаҳон” мунташир кард, ки бар пояи он, донишгоҳҳои  Санъатии Шариф, Теҳрон, улуми пизишкии Теҳрон, Санъатии Исфаҳон, Тарбияти Мударрис, Санъатии Амиркабир, Шероз ва илму санъати Эрон дар рутбаҳои нахуст то ҳаштуми миллӣ ҷой гирифтаанд .

Ин марказ ҳар сола муассисаҳои мухталифро дар саросари ҷаҳон бар пояи ҳашт санҷиши калидӣ арзёбӣ ва феҳристи ҳазор муассисаи бартарро мунташир мекунад .

Кайфияти омӯзиш, иштиғоли донишомӯхтагон, кайфияти аъзои ҳайъати илмӣ, интишорот, таъсиргузорӣ, истинодҳо, таъсири густарда ва парвонаҳои сабти ихтироъ аз меъёрҳои санҷишӣ ҳастанд, ки ин низоми рутбабандӣ ба кор мебарад .

 

Барчасп