Посухи манфии Рӯҳонӣ ба даъвати Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25044-Посухи_манфии_Рӯҳонӣ_ба_даъвати_Трамп
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз посухи манфии раиси ҷумҳурии Эрон ба дархости раиси ҷумҳурии Амрико барои дидори дуҷониба хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 30, 2017 09:25 Asia/Dushanbe
  • Посухи манфии Рӯҳонӣ ба даъвати Трамп

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз посухи манфии раиси ҷумҳурии Эрон ба дархости раиси ҷумҳурии Амрико барои дидори дуҷониба хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Баҳроми Қосимӣ дар посух ба пурсише дар бораи ибрози тамоюли Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико барои дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳошияи нишасти ахири Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт: “Чунин тамоюле аз сӯйи тарафи амрикоӣ матраҳ шуд, ки мавриди мувофиқати Рӯҳонӣ қарор нагирифт”.

Қосимӣ таъкид кард, дигар ҷузиёти матраҳшуда дар хабарҳо, аз ҷумла иқдомоти оқои Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса дар ин замина дуруст ва қобили таъйид нест.

Пеш аз ин бархе хабаргузориҳо аз даъвати Трамп барои мулоқот бо Рӯҳонӣ ва талоши Эммануел Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса барои баргузор шудани ин дидор хабар дода буданд.