Ноябр 01, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Китоби Ҷомеалтаворих дар ЮНЕСКО сабти ҷаҳонӣ шуд

Нусхаи Ҷомеалтаворих ё Торихи Рашидӣ, навиштаи Рашидуддини Фазлуллоҳии Ҳамадонӣ, ки дар Кохи музеи Гулистони Теҳрон ҳифз мешавад, ба унвони мероси ҷаҳонӣ дар Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии милали муттаҳид- ЮНЕСКО-сабт шуд.

Ба нақл аз Ирно, Ашрафи Буруҷирдӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон бо эъломи ин хабар афзуд: “Ҷомеалтаворих панҷараест, ба гузаштаи на танҳо эрониён, балки ҳамаи башарият зеро ин асар даричаеро ба сӯи Эрони фарҳангӣ мекушояд ва Эрони фарҳангӣ, фаротару густардатар аз он чизест, ки имрӯз дар чорчуби марзҳои сиёсӣ ба унвони Эрон мешиносем”.

Хонуми Буруҷирдӣ афзуд: Ин ҳам ифтихоре барои Эрон аст ва ҳам барои Кумитаи ҳофизаи ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки тавонистааст ин асари бузурги эрониро ба унвони мероси ҷаҳонӣ барои кулли башарият ба сабт бирасонад .

Ҷомеалтаворих ё Торихи Рашидӣ, аз осори арзишманд ва куҳани торихӣ ба забони форсӣ дар бораи торихи паёмбарон аз одам то ҳазрати Муҳаммад (с), паёмбари ислом, торихи Эрон то поёни давраи Сосониён ва торих, устураҳо, боварҳо ва фарҳанги қабоили турк муғул ва дигар ақвом аст, ки Рашидуддини Фазлуллоҳии Ҳамадонӣ, сиёсатмадор ва торихнигори эронӣ дар авохири садаи ҳафтуми хуршедӣ ва садаи 14 милодӣ онро нигоштааст .