Ноябр 02, 2017 10:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоб: Эрону Русия бо ҳазфи доллар таҳримҳоро беасар кунанд

Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ таъкид карданд, натиҷаҳои ҳамкории Эрону Русия дар Сурия нишон дод, Теҳрону Маскав метавонанд дар майдонҳои душвор ба ҳадафҳои муштарак барисанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ асри чаҳоршанбе дар дидори Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, ҳамкорӣ барои муқобилаи муштарак бо таҳримҳои Амрико зидди Эрон ва Русияро муфид донистанду гуфтанд, бидуни тавваҷуҳ ба таблиғоти манфии душманон барои заиф кардани равобити кишварҳо, Эрону Русия метавонанд таҳримҳои амрикоиҳоро бо равишҳое, аз ҷумла ҳазфи доллар ва ҷойгузин кардани пули миллӣ дар муомилоти иқтисодии ду ё чандҷониба, беасар ва Амрикоро мунзавӣ кунанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ зарфияти ҳамкории иқтисодии ду кишварро бисёр фаротар аз сатҳи кунунӣ хонданду афзуданд: “Дар заминаи ҳамлу нақл, истифода аз меҳвари муҳими бандари Чобаҳор то бандари Санкт- Петербург ва дигар арсаҳои иқтисодӣ метавонем ҳамкории густардатаре дошта бошем”.

Эшон истодагии муштараки Теҳрону Маскавро муқобили террористҳои такфирии мавриди ҳимояти чанд кишвари хориҷӣ дорои натоиҷи муҳим баршумурданду гуфтанд, шикасти эътилофи амрикоии ҳомии террористҳо дар Сурия воқеияте инкорнопазир аст, аммо онҳо ҳамчунон машғули тарроҳӣ ва тавтеа ҳастанд, бинобар ин ҳалли комили масъалаи Сурия ниёзманди идомаи ҳамкориҳои мустаҳкам аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ мардуми Сурияро тасмимгири ниҳоии масоили ин кишвар хонданду таъкид карданд, бояд ҳамаи масоил ва роҳи ҳалҳо дар бораи ҳукумати Сурия аз даруни ин кишвар биҷӯшад ва давлати Сурия барои иҷрои ҳеч тарҳе таҳти фишор қарор нагирад ва ҳарчӣ мумкин аст тарҳҳо “ҷомеулатроф” бошад.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин дахолатҳои хунини саудиҳо дар бархе кишварҳо, аз ҷумла ҷиноёти рӯзонаи ин кишварро дар Яман заминасози гирифтор шудани Арабистон дар махмасаҳо ё дардисарҳои амиқ хонданду афзуданд, онҳо ҳатто намегузоранд ба мардуми мазлуми Яман, ки гирифтори бемориҳои вогир (сирояткунанда) ва кушанда шудаанд, дору ва кумак бирасад .

 Раҳбари Инқилоби исломӣ суханони раиси ҷумҳурии Русияро дар ин дидор дар бораи БарҶом ва зарурати риояти муоҳидаҳои чандҷониба хуб донистанду гуфтанд: “Амрикоиҳо мутаасифона, ба ёғигарии худ идома медиҳанд, ки бояд бо такя бар ақлу истифода аз роҳҳои саҳеҳ бо онон бархурд шавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ҳам дар ин дидор бо ибрози хурсандии фаровон аз сафар ба Теҳрон ва дидор бо Раҳбари муаззами Инқилоб гуфт: “Эронро шарике стратегӣ ва ҳамсояе бузург медонем ва аз ҳар заминаву фурсате барои густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи равобит истифода мекунем”.

Путин мавозеи Раҳбари муаззами Инқилоби исломиро дар таҳаққуқи аҳдофи муштарак дар Сурия бисёр муассиру хирадмандона донисту гуфт, ҳар гуна тағйиру таҳаввул дар ҳар кишваре, аз ҷумла Сурия бояд аз дарун шакл бигирад.

Раиси ҷумҳурии Русия бо эъломи ҳимояти Маскав аз БарҶом гуфт, Маскав тағйири усули бунёдини Ожонси байналмилалии энержии атомиро коре нодуруст медонад ва бо муртабит кардани барномаи ҳастаии Эрон бо масоили дигар, аз ҷумла масаълаи дифоӣ мухолиф аст.

 

Барчасп