Ноябр 05, 2017 13:05 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии тими каратеи Эрон дар рақобатҳои байналмилалии Ереван

Тими каратеи Эрон дар ҳаштумин давраи рақобатҳои байналмилалии каратеи озоди «Ереван» (сабки шотокан-shotokan) дар Арманистон бо касби 11 медали тилло, бо иқтидор қаҳрамон шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, намояндагони каратеи Эрон, ки дар ду риштаи ката ва кумите дар ин давра аз рақобатҳо ширкат карданд ва бо ғалаба бар ҳарифони худ аз кишварҳои Арманистон, Гурҷистон, Ироқ, Аморот, Ҳинд ва Қазоқистон ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.

Тимҳои Арманистон ва Гурҷистон низ ба тартиб ҷойгоҳи дуввум ва севумро аз они худ карданд.

Тими каратеи Эрон рӯзи ҷумъа ба манзури ширкат дар ҳаштумин давраи рақобатҳои байналмилалии каратеи озоди Ереван ба Арманистон сафар кард.

Ҳаштумин давраи рақобатҳои байналмилалии каратеи озоди «Ереван» рӯзи шанбе баргузор шуд.

Тими миллии каратеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷадидтарин радабандии Федератсияи ҷаҳонии карате дар рутбаи дувуми ҷаҳон қарор дорад.