Ноябр 06, 2017 12:26 Asia/Dushanbe
  • Қатори гардишгарии хориҷии “Уқоби тиллоӣ” дар истгоҳи Машҳад

Бистудувумин қатори гардишгарии байналмилалии “Уқоби тиллоӣ” рӯзи якшанбе дар шаҳри Машҳад, шимоли шарқи Эрон таваққуф кард то гардишгарони хориҷӣ аз ин шаҳр боздид кунанд.

Муҳаммадҳодии Зиёимеҳр, мудири кулли роҳи оҳани Хуросон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт, бистудувумин қатори гардишгарии байналмилалии “Уқоби тиллоӣ” бо 78 мусофир- гардишгар субҳи якшанбе вориди Машҳад шуд.

Мудири кулли роҳи оҳани Хуросон афзуд, гардишгарони хориҷӣ дар Машҳад аз ҳарами мутаҳҳари Имом Ризо (а) ва оромгоҳи Фирдавсӣ ва дигар маконҳои гардишгарии шаҳр боздид карданд.

Муҳаммадҳодии Зиёимеҳр ҳамчунин афзуд, ин қатори люкси русӣ мусофироне аз кишварҳои Англия, Амрико, Олмон, Швейтсария, Русия, Малайзия, Австралия, Флиппин, Мексика ва Норвегияро ҳамл мекунад ва дар муддати як ҳафта ин гардишгарон аз ҷозибаҳои туристии 13 шаҳру маркази устони Эрон боздид мекунанд.

 Қарор аст мусофирони “Уқоби тиллоӣ” аз шаҳрҳои Кирмон, Ройен, Язд, Исфаҳон, Шероз, Саодатшаҳр, Кошон, Арок, Шуштар, Шуш, Вереск ва Пули Сафед дидан кунанд.

 

Барчасп