Ноябр 07, 2017 15:12 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ: Бархурди радикали Амрико бо масоил, таҳдиде барои ҷаҳон аст

Муовини вазири хориҷаи Эрон таъкид кард: Бархурди радикали Амрико бо масоили ҷаҳонӣ ва нафии дипломатияи ҷамъӣ метавонад барои ҷаҳон таҳдид бошад.

Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини умури ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон дар маросими ҳафтоду дуввумин солгарди таъсиси Созмони милали муттаҳид дар Теҳрон, бо ишора ба тағироти ҷиддӣ дар сиёсати Амрико дар давлати ҷадиди ин кишвар ибрози умедворӣ кард: Ҷомеаи байналмилал ҳамчунон аз иҷрои муваффақи барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ҳимоят кунад .

Ироқчӣ бо ишора ба музокироти Эрону гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Англия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) ба ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупо ва ҳусули БАРҶОМ афзуд: Ҳафт кишвар ба ҳамроҳи Иттиҳоди Аврупо тавонистанд бо ҳамкории ҳам мавзуи печидаеро таҳти ҳимояти Созмони милал ҳал кунанд ва БАРҶОМ тавонист як сӯитафоҳуми баландмуддатро, ки метавонист гиребонгири ҳама шавад, аз байн бубарад.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни инки БАРҶОМ намунаи шаффофу муваффақест, ки нишон медиҳад, чи тавр дипломатия ва музокира метавонад ҷои ихтилофу ҷангро бигирад, тасреҳ кард: Бояд итминон ҳосил кард, ки БАРҶОМ дар ҷаҳони дипломатия ба унвони як машъали умед, равшан бимонад .

Ироқчӣ ҳамчунин бо ишора ба иқдомҳову ҳамкориҳои Созмони милал дар Эрон ибрози умедворӣ кард: Тими Созмони милал дар ҳамкорӣ ва анҷоми фаъолиятҳои муштарак бо тарафҳои эронӣ битавонад ба аҳдофи тавсеае, ки бо ҳамкорӣ ва ҳимояти муштарак қобили дастёбӣ аст, ноил шавад.  

Дар маросими ҳафтоду дуввумин солгарди таъсиси Созмони милали муттаҳид паёми  Антонио Гутеррес, дабири кулли ин созмон пахш шуд ва аз гузориши амалкарди Созмони милал дар давраи 2012 то 2016 рӯнамоӣ шуд .

 

Барчасп