Ноябр 07, 2017 19:10 Asia/Dushanbe
  • Чаҳоршанбе – рӯзи сафари вазири хориҷии Эрон ба Тоҷикистон

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон фардо, чаҳоршанбе, ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон сафар мекунад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дидор бо мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои ҷадиди сафорати Эрон дар Душанбе аз ҷумлаи барномаҳои Зариф аст.