Ноябр 09, 2017 20:30 Asia/Dushanbe
  • Вуруди вазири умури хориҷаи Эрон ба Узбакистон

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон, барои ширкат дар Иҷлоси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ”, вориди шаҳри Самарқанд дар Узбакистон шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф дар сафар ба Узбакистон илова бар дидору гуфтугӯ бо мақомоти ин кишвар рӯзи ҷумъа дар Иҷлоси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ” ширкат хоҳад кард .

Дар ин конфронс, ки дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, мақомоту шахсиятҳои байналмилалӣ ва минтақаӣ ҳузур хоҳанд дошт .

Вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар сафар ба Тоҷикистон, бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳур ва Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон дидор ва дар хусуси роҳҳои тавсеаи равобити дуҷониба ва мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ кард .

Ҳамчунин сохтмони ҷадиди сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон бо ҳузури вазирони умури хориҷаи ду кишвар расман гушоиш ёфт .

 

Барчасп