Зариф: Эрон дар барқарории равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом аст
(last modified Fri, 10 Nov 2017 12:26:56 GMT )
Ноябр 10, 2017 17:26 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон дар барқарории равобити дӯстона бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом аст

Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон ҳамвора дар барқарории равобити дӯстона, бародарона ва мутавозини мубтанӣ бар усули эҳтироми мутақобил ва манофеи муштарак бо кишварҳои Осиёи Марказӣ пешгом будааст.

Муҳаммадҷаводи Зариф имрӯз дар Конфронси байналмилалии «Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ» дар шаҳри Самарқанди Узбакистон афзуд, роҳбурди Эрон бар тавсеа ва тақвияти ҳамкориҳо, талош ҷиҳати сулҳу суботу оромиш дар минтақа ва ҳамгароию ҳамкорӣ дар қолаби ниҳодҳои минтақаию созмонҳои байналмилалӣ устувор аст. Ӯ амният ва суботи ҳамсоягонро амнияту суботи Эрон дониста тасреҳ кард, кумак ба ҳалли ихтилофоту танишҳо, ҳамкориҳои дуҷонибаи амниятӣ барои муқобила бо таҳдидҳои муштараки терроризми такфирӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз муҳимтарин мушорикатҳои муассири Эрон дар тақвияту таҳкими суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст.

Зариф муқобилаи муассир бо ифротгароӣ ва терроризми такфирӣ дар минтақа ва ҷаҳонро ниёзманди ҳамфикрӣ ва ҳамкории фарогири кишварҳои минтақа баршумурда гуфт, баррасии решаҳои шаклгирии ҷараёнҳои зиддиисломӣ  пешшарти муборизаи муассир ва қотеъ бо решаҳои терроризму ифротгароӣ аст. Вазири умури хориҷии Эрон ҳамчунин бо баёни ин ки наметавон бо сарфи садҳо миллиард доллар амниятро харид ва ворид кард, афзуд, амният дар ҷаҳони имрӯз маҳдуд ба абъоди низомӣ нест ва тиҷорисозии амният муомилаи тозаест, ки бархе қудратҳои ҷаҳонӣ ва фароминтақаӣ вориди адабиёти сиёсӣ кардаанд. Зариф таъкид кард, асри амнияти якҷонба ва амният бо такя бар қудрати низомӣ ба поён расида ва ин дарсе аст, ки қудратҳои мудохилагари фаромитақаию кишварҳое, ки дар садади эҷоди ноамнӣ ва таҳдиди амнияти дигарон ҳастанд, ба хубӣ аз буҳрони Ироқ, Сурия, Яман ва Афғонистон омӯхтаанд.

Конфронси байналмилалии “Амният ва тавсеаи пойдор дар Осиёи Марказӣ” имрӯз бо ҳузури масъулону шахсиятҳои кишварҳои минтақа дар Самарқанди Узбакистон оғоз шуд.