Рӯҳонӣ: Душманон ба думболи тавтеаи ҷадиде дар минтақа ҳастанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25356-Рӯҳонӣ_Душманон_ба_думболи_тавтеаи_ҷадиде_дар_минтақа_ҳастанд
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, душманон пас аз шикасти анвои тавтеаҳо, думболи нақшаҳо ва тавтеаҳои ҷадиде дар минтақа ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2017 13:40 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Душманон ба думболи тавтеаи ҷадиде дар минтақа ҳастанд

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, душманон пас аз шикасти анвои тавтеаҳо, думболи нақшаҳо ва тавтеаҳои ҷадиде дар минтақа ҳастанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон имрӯз шанбе, пас аз ҷаласаи сарони қуво дар Теҳрон, дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба муваффақиятҳои бузурги мардуми минтақа дар ҷанг бо террористҳо гуфт, имрӯз мардуми Ироқ, Сурия ва Лубнон бо пуштибонии артиши худ ва ҳимояти кишварҳои дӯст, бавижа Ҷумҳурии Исломии Эрон тавонистанд тақрибан аз ин мушкилот раҳоӣ ёбанд ва масъалаи терроризм дар ҳоли поён ёфтан аст. Раисиҷумҳур афзуд , нақшаи душман барои таҷзияи кишварҳо ва барҳам задани марзҳои ҷуғрофиёӣ дар минтақа низ шикаст хӯрд, лизо имрӯз ба иллати ин муваффақиятҳо бадеҳӣ аст, ки Амрико, режими саҳюнистӣ ва ҳамдастони он нороҳат ва асабонӣ бошанд.

Рӯҳонӣ изофа кард, дар масъалаи Яман солҳост, ки мардуми фақири ин кишварро бомбаборон мекунанд ва бемории вабо паҳшн шуда ва мардум дар қаҳтӣ ва гуруснагӣ ба сар мебаранд ва фазои дарё ва ҳаворо барои кӯмак ба мардуми ин кишвар бастаанд ва ин ғайриқобили таҳаммул аст.

Раиси Шӯрои олии амнияти миллӣ тасреҳ кард, шароити имрӯзи минтақа нишон медиҳад, ки душманон думболи нақшаҳо ва тавтеаҳои дигаре дар минтақа ҳастанд ва мардум лозим аст дар ин замина, ҳушёр бошанд ва масъулон низ барномарезиҳои лозимро анҷом диҳанд.

Раисиҷумҳур ҳамчунин гуфт, ҳамаи расонаҳо, гардонандагони фазои маҷозӣ ва трибунҳои мухталиф бояд диққат кунанд, ки тасмим ва ҳадафи қудратҳои бузург бавижа Амрико барои ноумед кардани мардум аст; Лизо ҳама бояд ҳушёр бошанд, ки дар ин доми душман наяфтанд.

 Рӯҳонӣ дар поён аз ҳузури мардуми Эрон дар роҳ паймоии азим ва ҷаҳонии Арбаини Ҳусайнӣ (а) ва аз мардум ва давлати Ироқ ба хотири мизбонӣ аз зоирони Имом Ҳусайн (а) тақдир кард.