Ноябр 15, 2017 13:16 Asia/Dushanbe
  • Равобити Теҳрон - Маскав барои поён додан ба буҳрони Сурия муҳим аст

Муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷа ва музокиракунандаи аршади Эрон дар музокироти Остона гуфт, равобити Теҳрон - Маскав барои поён додан ба буҳрони Сурия муҳим аст.

Ҳусайн Ҷобирии Ансорӣ дидорҳои худ бо мақомоти русиро созанда баршумурд ва изҳор дошт, ҳамкории Эрон ва Русия дар масъалаи Сурия улгӯи хубе барои ҳамкориҳои минтақаӣ аст.

Муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷа ва музокиракунандаи аршади Эрон дар музокироти Остона рӯзи сешанбе ба манзури ройзанӣ бо мақомоти Русия дар бораи охирин таҳаввулоти Сурия ва ҳамкориҳои минтақаии ду кишвар, вориди Маскав шуд.

Вай шаби гузашта бо Александр Ловрентев, намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Сурия ва Александр Фомин, муовини вазири дифои Русия дар Маскав дидор ва гуфтугӯ кард.

Ду тараф дар ин дидор дар бораи ҷадидтарин таҳаввулоти Сурия ва охирин талошҳо ва ибтикороти се кишвари зомини раванди Остона (Эрон, Русия ва Туркия) барои коҳиши танишҳо ва ҳалли буҳрони Сурия, ройзанӣ карданд.

Муовини арабӣ ва африқоии вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо Михаил Богданов, муовини вазири хориҷа ва намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Ховари Миёна дидор ва дар бораи таҳаввулоти минтақа бо меҳварияти Сурия гуфтугӯ кард.

То кунун ҳафт даври музокироти сатҳ олӣ дар Остона (пойтахти Қазоқистон), бо ҳузури ҳайатҳои давлати Сурия, муоризони мусаллаҳи пазирандаи паймони оташбаси фарогир ва кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия ба унвони тазминкунандагони сулҳ дар Сурия баргузор шудааст.

Ин музокирот бо ибтикори Эрон ва ҳамкории Русия ва Туркия, бо ҳадафи барқарории сулҳ дар Сурия баргузор шуда ва натиҷаи аслии он эҷоди манотиқи коҳиши таниш дар Сурия будааст.