Фурӯши медали тиллои Бозиҳои паралимӣ барои кумак ба зилзилазадагон
Сора Ҷавонмардӣ, қаҳрамони Бозиҳои паралимии 2016 Рио, медали тиллои худро барои кумак ба зилзилазадагони ғарби Эрон ба фурӯш гузошт.
Ба гузориши сойти Федератсияи варзишҳои ҷонбозон ва маълулини Эрон, ин варзишкори пурифтихори тими миллии тирандозӣ, ҷонбозон ва маълулин гуфт, пас аз вуқуи зилзилаи ғарби кишвар ва замоне, ки дидам ҷомеаи варзиши кишвар барои кумак ба мардуми зилзилазада даст бакор шуданд, тасмим гирифтам саҳми кӯчаке дар ин ҷараёни азим дошта бошам.
Дорандаи ду нишони тиллои паралимӣ хотирнишон кард, бар ин асос тасмим гирифтам арзишмандтарин медалам, яъне медали тиллои Бозиҳои паралимии Рио-ро ба нафъи мардуми осебдида дар ин ҳодисаи талх ба фурӯш бигузорам ва умедворам битавонам андаке аз аламҳои ин мардуми мусибатдидаро илтиём бахшам.
Ҷавонмардӣ дар ҷараёни Бозиҳои паралимии Рио ба ду нишони тилло дар маводи тапончаи бодии 10 метр ва тапончаи хафифи 50 метр даст ёфт.