Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Мусалмонон ба давраи ҷоҳилият бознагарданд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i25500-Хатиби_ҷумъаи_Теҳрон_Мусалмонон_ба_давраи_ҷоҳилият_бознагарданд
Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, мусалмонон бояд ваҳдатеро, ки мероси Паёмбари акрам (с) аст, ҳифз кунанд ва ба даврони ҷоҳилият бознагарданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 17, 2017 13:30 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Мусалмонон ба давраи ҷоҳилият бознагарданд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гуфт, мусалмонон бояд ваҳдатеро, ки мероси Паёмбари акрам (с) аст, ҳифз кунанд ва ба даврони ҷоҳилият бознагарданд.

Оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ дар хутбаҳои ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон, ки бо солрӯзи реҳлати Паёмбари акрам (с) ва шаҳодати Имом Ҳасани Муҷтабо (а) мусодиф шуда буд, гуфт: “Душманон мехоҳанд мо ба ҷоҳилият баргардем, вале нидои Паёмбари акрам (с) ин буд, ки ба ҷоҳилият барнагардед ва иттиҳоду ҳама бо ҳам будан вазифаи ҳама уммати исломӣ аст”.

Хатиби ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин зимни арзи таслият ба бозмондагони ҳодисаи зилзилаи устони Кирмоншоҳ гуфт, ин ҳодиса ҳама миллати бузурги Эронро азодор кард ва ҳамон тавре ки дар баъзе аҳодис ҳаст, касе, ки хонааш хароб шавад, девору сақф бар ӯ бирезад ва аз дунё биравад, савоби шаҳидро дорад. Имомии Кошонӣ ҳамчунин аз мардум, масъулон ва ҳама ниҳодҳое, ки ба кумаки зилзилазадагон шитофтанд, ташаккур ва қадрдонӣ кард. Ӯ бо зикри ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) дар бораи касоне, ки дар ин гуна ҳаводис бо вуҷуди тавони молие, ки доранд, кумак намекунанд, гуфт: “Паёмбари акрам (с) мефармояд, агар касе ба умуру гирифтории мусалмонон аҳамият надиҳад, мусалмон нест”.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ дар бахши дигаре аз хутбаи худ ба истеъфои Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири Лубнон дар Риёз ишора карда гуфт, ин мавзӯъ нишон медиҳад, душман дар ҳоли тавтеа барои кишварҳои исломӣ ва дар пайи эҷоди таниш дар минтақа ва Лубнон аст, аммо ба лутфи Худо, мардуми Лубнон бедор ҳастанд. Ӯ ҳамчунин ба ҷиноёти режими Оли Сауд дар минтақа, бавижа дар Яман ишора кард ва гуфт, режими Оли Сауд он қадар залилу бадбахт аст, ки ба режими Исроил буҷа медиҳад, то ба кишварҳои исломӣ ҳамла кунад.