Ноябр 17, 2017 20:14 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрону Қазоқистон барои ҳамкорӣ дар заминаи кишоварзӣ

Хабаргузории расмии Қазоқистон аз тавофуқи ин кишвар бо Эрон барои ташкили марокизи бозаргонӣ ва кишоварзӣ дар вилояти Қизилорда хабар дод.

Хабаргузории “Kazinform” дар гузорише бо ишора ба ҳамкории муваффақиятомези Эрону Қазоқистон дар заминаи иҷрои лоиҳаҳои кишти фаросарзаминӣ дар робита ба кишти биринҷи навъи эронии “Торуми Ҳошимӣ” дар ҳафтод ҳектар дар заминҳои Қизилордаи Қазоқистон хабар дод. Ин расона ҳамчунин эълом кард, ки бар асоси барномарезиҳо, қарор аст, 60 тонна аз ин биринҷ ба Эрон содир шавад. Дар ин  гузориш гуфта мешавад, то соли 2020 панҷ ҳазор ҳектор биринҷи “Торуми Ҳошимӣ” кишт шуда, ҳаҷми содироти ин биринҷ ба Эрон то ҳашт ҳазор тонна афзоиш меёбад.

Бокит Ҷаҳонов, масъули Идораи умури кишоварзии вилояти Қизилорда эълом кард, ки Эрон метавонад мураккабот (меваҳои субтропикӣ)-и ин вилоят ва соири манотиқи Қазоқистонро низ таъмин кунад. Ҳамакнун 55 дарсад аз мураккаботи минтақа дар Эрон тавлид мешавад.