Ноябр 19, 2017 19:35 Asia/Dushanbe
  • Содироти Эрон ба Иттиҳоди Аврупо аз марзи ҳафт миллиард евро гузашт

Воридоти Иттиҳоди Аврупо аз Эрон дар 9 моҳ аз соли 2017, бо рушди 107 дарсадӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл ба ҳафт миллиарду дусаду панҷоҳу ду миллион евро расид.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Комиссияи Аврупо, мубодилоти тиҷории Эрон бо Иттиҳоди Аврупо дар 9 моҳи соли 2017, шасту ду дарсад рушд доштааст .

Мубодилоти тиҷории Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар моҳҳои январ то сентябри соли 2016, ҳудуди 9 миллиарду саду як миллион евро эълом шуда буд, ки дар муддати мушобеҳи соли ҷорӣ ба 14 миллиарду ҳафтсаду ҳаштоду ду миллион евро афзоиш ёфт .

Бар асоси ин гузориш, содироти Иттиҳоди Аврупо ба Эрон низ дар 9 моҳи соли 2017, рушди 34 дарсадӣ дошт ва ба ҳафт миллиарду панҷсаду се миллион евро расид .

Иҷроӣ шудани барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) аз январи 2016, ба тавсеаи равобити тиҷории Эрон бо дигар кишварҳо аз ҷумла аъзои Иттиҳоди Аврупо кумак кардааст .

 

Барчасп