Раҳбари инқилоб: Ҷавонони муъмин бо нобуд кардани ДИИШ душманонро ба зону дароварданд
Раҳбари инқилоби исломӣ таъкид карданд: Ҷавонону мардони муъмин бо нобуд кардани ДИИШ душманонро ба зонӯ дароварданд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори ҳазорон нафар аз басиҷиёни саросари Эрон гуфтанд: Ҷумҳурии исломӣ, бо кумаку ҳидояти парвардгор, бо бедорӣ ва ҳушёрии имом Хумайнӣ (р) ва муҷоҳидати миллат тавонист исломи мавриди орзуи мусулмононро дар қолаби як низоми сиёсӣ муҳаққақ кунад ва пояи аввалияро бино ниҳад .
Раҳбари инқилоби исломӣ бо истинод ба оёти Қуръони карим, истодагӣ дар роҳи Худоро ҳам муҷиби савоби ухравӣ ва ҳам боиси аҷри дунявӣ яъне иззату иқтидор ва пешрафт донистанду афзуданд: Ҷумҳурии исломӣ 38 сол бо хусуматҳои истикбор ва саҳюнизм ва иртиҷоъ даргир буда, аммо имрӯз садҳо ва ё шояд ҳазорон баробар, пешрафтатар ва муқтадиртар аз аввали инқилоб аст ва ин, маънои подоши дунявии истодагӣ ва истиқомат аст .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, асаргузории насли ҷавону муъмини Эрон дар минтақаро бо вуҷуди надидан ва дарк накардани даврони инқилоб ва имом Хумайнӣ (р)в а дифои муқаддас, аз муъҷизоти инқилоби исломӣ хонданду хотирнишон карданд: Шумо ҷавонон тавонистаед Амрикои мустакбирро ба зону дароваред ва шикаст диҳед .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ, омили ҳақиқии нобудӣ ва дафъи ғуддаи саратонии ДИИШ-ро рӯҳияву эҳсоси басиҷӣ хонданду афзуданд: Душманон саъй карданд, ба василаи ин гурӯҳи такфирии ғайриинсонӣ, ҳодисаеро алайҳи ҷарёни муқовимат ба вуҷуд оваранд, аммо ҷавонони муъмин, бо шавқ ва ангеза вориди майдони муҷоҳидат шуданд ва душманро ба зону дароварданд .
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ нобудии гурӯҳи такфирии ғайриинсонии ДИИШ-ро бо ҳиммати ҷавонону мардони муъмин ва талоши касоне, ки муқовиматро қабул доранд, коре бисёр бузург баршумурданду афзуданд: Дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя бовар ба тавоноии нобуд кардани ДИИШ вуҷуд надошт, аммо вақте ба майдон ворид шуданд, пирӯзиро ба чашм диданд ва паёми инқилоби исломӣ “яъне мо метавонем”-ро бовар карданд .