Таъйиди пойбандии Эрон ба БАРҶОМ дар гузориши ҷадиди Ожонси энержии атомӣ
(last modified Thu, 23 Nov 2017 17:07:56 GMT )
Ноябр 23, 2017 22:07 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди пойбандии Эрон ба БАРҶОМ дар гузориши ҷадиди Ожонси энержии атомӣ

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, дар гузориш ҷадиди фаслии худ бори дигар пойбандии Эронро ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) таъйид кард.

Ба гузориши ИРНА, Юкия Амано, мудири кулли Ожонси байналмилалии энержи атомӣ рӯзи панҷшанбе дар оғози нишасти фаслии Шӯрои ҳуккоми ожонс дар Вена эълом кард, Эрон ба тааҳҳудоти марбут ба БАРҶОМ амал ва онҳоро иҷро кардааст.

Амано афзуд, Ожонси энержии атомӣ ҳамчунон ба ростиозмоӣ ва назорат бар иҷрои тааҳҳудоти Эрон, бар асоси БАРҶОМ идома медиҳад.

Мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунин гуфт, ожонс то имрӯз дар Эрон ба тамоми маконҳое, ки ниёз ба боздиди он буда дастрасӣ доштааст.

Ожонси байналмилалии энержии атомӣ 13 ноябри 2017 бо интишори гузориши ҷадиди фаслӣ, барои нӯҳумин бор пойбандии Эронро ба тамоми шартҳои тавофуқи ҳастаӣ, аз ҷумла мизони захираи оби сангин, сатҳи ғанисозӣ ва мавҷуди уранғанӣ шуда эълом кард.

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳ 5+1 шомили Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо давлати Амрико  ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ, ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад.

Муттаҳидони аврупоии Вашингтон бо сиёсатҳои якҷонба ва зидди эронии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ва коршиканиҳои Вашингтон дар иҷрои БАРҶОМ мухолифат кардаанд.