Ноябр 25, 2017 17:46 Asia/Dushanbe
  • Дидорҳои Рӯҳонӣ ва Путин дар тавсеаи равобити Эрон ва Русия таъсиргузор будааст

Сафири Эрон дар Русия гуфт, дидорҳои раисони ҷумҳурии ду кишвар дар солҳои ахир, ба густариши равобити дуҷонибаи Теҳрон - Маскав кумаки зиёде кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Маҳдии Саноӣ дар дидор бо Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи ин кишвар афзуд, дар чаҳор соли гузашта раисони ҷумҳурии Эрон ва Русия, 12 бор бо якдигар мулоқот кардаанд, ки ин дидорҳо бар густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи заминаҳо таъсиргузор будааст.

Саноӣ бо мусбат арзёбӣ кардани иртибототи ҳарчи бештари намояндагони маҷлис ва фраксюнҳои парлумонӣ ва аҳзоби Эрон ва Русия, бар баргузории мизигирдҳо ва нишастҳои коршиносии марбута таъкид кард.

Жириновский низ баргузории нишасти сеҷонибаи Эрон, Русия ва Туркия дар шаҳри Сочи (22 ноябр 2017)-ро дар чорчӯби эҷоди субот дар минтақа ва ҷаҳон бо аҳамият хонд.

Владимир Жириновский бо ишора ба зарфиятҳои иқтисодӣ ва тиҷории Эрон ва Русия, роҳандозии каридори шимол- ҷанубро дар иртиқои ҳамкориҳои иқтисоди дуҷониба, таъсиргузор арзёбӣ кард.

Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия бо таъкид бар тамоюли ин ҳизб бар густариши равобити парлумонӣ бо Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон, тасреҳ кард, намояндагони Думои давлатии Русия аз Ҳизб либерал демократ дар чорчӯби таҳкими равобит парлумонӣ ба Теҳрон сафар хоҳанд кард.

 

Барчасп