Афзоиши 120 дарсадии ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Қатар
Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон, гуфт, бо таваҷҷуҳ ба шароити хосси ҳоким бар минтақа ва алоқамандии тарафи қатарӣ бар тавсеаи муносибот бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, тайи чанд моҳи гузашта, ҳаҷми мубодилоти тиҷории Эрон ва Қатар, 120 дарсад рушд доштааст.
Муҳаммади Шариатмадорӣ, рӯзи шанбе пас аз дидори Аҳмад ибни Ҷосим ибни Муҳаммад Ол Сонӣ, вазири иқтисоди Қатар дар Теҳрон, аз пешниҳоди Давҳа барои расидани арзиши мубодилоти тиҷориии Эрон ва Қатар ба рақами панҷ миллиард доллар дар сол хабар дод ва гуфт, дар ҳафт моҳи гузашта, арзиши содироти Эрон ба Қатар, 97 миллион доллар ва низ дар ҳавзаи судури хадамоти фаннӣ -муҳандисӣ камтар аз як миллиард доллар будааст.
Шариатмадорӣ зерсохтҳои муносиби Қатарро фурсати хубе барои истифодаи Эрон аз ин зарфият барои тавсеаи муносиботи иқтисодӣ бо ҷаҳон арзёбӣ кард ва афзуд, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Қатар дар соли 2022 мизбони яке аз мусобиқоти муҳимми байналмилалӣ аст, ин ҳавза метавонад ҳаҷми зиёде аз содироти Эронро ба худ ихтисос ва муносиботро бештар густариш диҳад.
Аҳмад ибни Ҷосим ибни Муҳаммад Ол Сонӣ, вазири иқтисоди Қатар субҳи имрӯз (шанбе) ба ҳамроҳи ҳайати тиҷорӣ вориди Теҳрон шуд ва бо Вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон ва ҷамъе аз фаъолони иқтисодӣ дидор ва гуфтугӯ кард.