Ноябр 25, 2017 21:26 Asia/Dushanbe
  • Содироти беш аз 24 миллиард доллар коло аз Эрон дар ҳафт моҳ

Қоиммақоми Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон, гуфт, аз 21 март то 22 октябри соли ҷорӣ, 24 миллиарду 700 миллион доллар коло аз Эрон содир шудааст.

Муҳаммадризо Мавдудӣ, қоиммақоми Созмони тавсеаи тиҷорати Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи маросими таҷлил аз содиркунандагони намунаи Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ (маркази Эрон), дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор кард, Эрон зарфияти содироти солона 40 то 50 миллион доллар колоро дорад ва агар фурсати сармоягузорӣ дар кишвар фароҳам ва тавсеа ёбад, метавон содиротро афзоиш дод.

Дар маросими таҷлил аз содиркунандагони намунаи Чаҳормаҳолу Бахтиёрӣ аз ҳафт воҳиди намунаи содиротӣ, таҷлил шуд.

 

Барчасп