Август 18, 2016 19:42 Asia/Dushanbe

Туркманистон тарофаи убури транзитии мошинҳои боркаши Эронро аз хокаш ба мақсади кишварҳои дигар афзоиш дод.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва симо, мудири кулли дафтари транзит ва ҳамлу нақли байналмилалии Эрон бо ишора ба номушаххас будани иллати ин иқдоми Туркманистон гуфт, Эрон низ  ба таври мутақобил тарофаи убури  мошинҳои боркаши Туркманистонро афзоиш  додааст. Атрчиён, мудири кулли дафтари транзит ва ҳамлу нақли байналмилалии Эрон бо баёни ин ки Туркманистон ҳамчунин бидуни иттилои қаблӣ аз вуруди мошинҳои борбари холии Эрон ба хоки худ ҷилавгирӣ мекунад, афзуд, дар пайи ин иқдом марзи муштараки Эрону Туркманистон дар минтақаи Боҷгирон ба рӯйи мусофирони эронӣ баста шудааст ва ба таври мутақобил аз вуруди мошинҳои боркаши холии Туркманистон ба Эрон ҷилавгирӣ мешавад.

Туркманистон сар аз ҳафтаи гузашта иқдом ба вазъи муқаррароти ҷадид фақат барои убури мошинҳои боркаши эронӣ кардааст. Бар асоси ин муқаррарот, Туркманистон барои мошинҳои боркаши Эрон бо бори камтар аз 20 тонна 160 доллар ва  барои мошинҳои боркаши бештар аз 20 тонна 260 доллар ба унвони ҳаққи транзит муқаррар кардааст. Зиёда аз ин барои ҳар як километр рафтуомад низ як доллар аз ҳамаи мошинҳои борбари Эрон дарёфт мешавад.

Мудири дафтари транзит ва ҳамлу нақли байналмилалии Эрон дар ин бора гуфт:

 

Барчасп