Ноябр 26, 2017 14:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳошияҳои пуррангтар аз матн дар равобити Эрону Иттиҳоди Аврупо

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе дар дидор бо Януш Левандовский, раиси гурӯҳи равобит бо Эрон дар парлумони Аврупо дар Теҳрон бо ишора ба ин ки Иттиҳоди Аврупо шарики муҳим барои Эрон аст, иҷрои комили БАРҶОМ аз сӯйи тамоми тарафҳо ва баҳрамандии Эрон аз манофеи БАРҶОМ-ро хостор шуд.

Равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Иттиҳоди Аврупо пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо шебу фароз рӯ ба рӯ будааст. Пас аз поёни ҷанги таҳмилӣ ду давраи мушаххасро барои ин равобит метавон дар назар гирифт: нахуст даврони "гуфтгӯи интиқодӣ" аст, ки аз соли 1992 оғоз шуд ва то 1997 идома пайдо кард. Дар ин давра Аврупо бар хилофи хости давлати Амрико дар барномарезӣ дар мавриди инзивои Эрон ширкат накард ва дар соли 1996, ки таҳрими иқтисодии Эрон дар Вашингтон дар дастури кор қарор гирифт, Аврупо бо тавсеаи равобити худ бо Эрон онро комилан нодида гирифт. Марҳалаи дувум, ки аз соли 1999 оғоз шуд, ба даврони "мушорикати иқтисодӣ" шуҳрат ёфт. Ҳузури пурранги ширкатҳои аврупоӣ дар тарҳҳои тавсеаи саноати нафту газ ва соири тарҳҳо аз мушаххасоти ин давра аст. Тавсеаи равобити Эрон ва Иттиҳоди Аврупо дар он замон ба хубӣ пеш мерафт, то ин ки даврони таниш бар сари иддаоҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон бо ҳидояти Амрико шурӯъ шуд ва Аврупоро низ бо худ ҳамроҳ кард; давроне, ки ҳудуди даҳ сол тӯл кашид. Бо тавофуқи Эрон ва кишварҳои “Гурӯҳи 5+1”, шомили се кишвари бузурги Иттиҳоди Аврупо, яъне Англия, Фаронса ва Олмон ҳамроҳи Русия, Чин ва Амрико БАРҶОМ дар моҳи июли соли 2015 ба имзо расид ва ба ихтилофоти ҳастаӣ поён дод.

Тайи наздик ба ду соле, ки аз иҷрои БАРҶОМ мегузарад, ҳар кадом аз кишварҳои аврупоӣ ба далоили мутафовит ва баъзан мушобеҳ моиланд, ки бо Эрон равобити ҳасанаи иқтисодӣ дошта бошанд. Аммо дар айни ҳол гиреҳ хӯрдани равобити Эрону Иттиҳоди Аврупо ба сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи Амрико, аз ҷумла дар баҳси тавони мушакӣ ва сиёсати минтақаии Эрону мавзӯъҳои иддаоӣ дар заминаи ҳуқуқи башар сабаб шудааст, ҳошияҳои равобити Аврупо бо Эрон аз матни он пуррангтар дида шавад. Ҳанӯз байни тасмимҳои сиёсии Аврупо ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ ва додугирифти бонкҳои бузургаш бо Эрон фосилаи зиёде вуҷуд дорад. Аммо ҳамин дирӯз буд, ки сухангӯи Вазорати умури хориҷии Фаронса гуфт, Париж аз нақши мусбату таъсиргузори Эрон дар ҳаллу фасли таниши миёни кишварҳо истиқбол мекунад. Ин изҳорот дар ҳолест, ки чанде пеш Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса бо муттаҳам кардани Эрон ба эҷоди бесуботӣ дар минтақа муддаӣ шуда буд, бояд дар баробари фаъолиятҳои минтақа‎ию барномаи мушакии Эрон қотеона бархӯрд кард.

Давлатмардони Фаронса саъй мекунанд, то сиёсатҳояшонро мустақил нишон диҳанд, аммо бо Амрико ҳамсӯ ҳастанд. Шояд дар хушбинонатарин таҳлил битавон гуфт, ки ҳанӯз мавозеи тарафҳои аврупоӣ дар БАРҶОМ бо дугонаҳои сафеду хокистарӣ ҳамроҳ аст.