Нишасти ОПЕК, зарурати ҳифзи “Барномаи коҳиши тавлиди нафт”
(last modified Thu, 30 Nov 2017 08:13:18 GMT )
Ноябр 30, 2017 13:13 Asia/Dushanbe
  • Нишасти ОПЕК, зарурати ҳифзи “Барномаи коҳиши тавлиди нафт”

173-умин нишасти созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) имрӯз дар мақарри доими ин созмон дар Вена баргузор мешавад. Талош барои ҳифзи суботи кунунии бозори ҷаҳонии нафт, муҳимтарин ҳадафи нишасти ОПЕК эълом шудааст.

Дар ҳамин чорчуб, Бежани Номдори Зангана, вазири нафти ҷумҳурии исломии Эрон дар ҷамъи хабарнигорон дар Вена изҳор кард: “Эрон бо тамдиди тавофуқи коҳиши тавлиди нафти ОПЕК барои ҳар ду бозаи замонӣ шаш ё 9 моҳа мувофиқ аст”.

Ончи қарор аст, дар 173-умин нишасти ОПЕК баррасӣ шавад, тамдиди тавофуқи коҳиши тавлиди нафти ОПЕК барои як давраи шаш ё 9 моҳа аст.

Ба назар мерасад, аъзои ОПЕК тавофуқи коҳиши арзаи нафт то поёни соли 2018-ро бо ҳамроҳии ғайриопекиҳо тамдид кунанд. Пеш аз ин, ҳамроҳии аъзои ОПЕК ва ғайриопек ва дипломатияи созандаи нафтии Эрон дар ниҳоят ба тавофуқи торихии коҳиши арзаи нафт дар ноябри 2016 мунҷар шуд.

Ин тавофуқ, то ҳудуде суботро ба бозорҳои ҷаҳонии нафт ба нафъи аъзои ОПЕК бозгардонд ва аз ҳама муҳимтар, ҷумҳурии исломии Эронро аз барномаи коҳиши арзаи нафт мустасно кард.

Дипломатияи нафтии Эрон дигар кишварҳои узви ОПЕК-ро мутақоид кард, ки Теҳрон барои касби ҷойгоҳи худ дар арсаи ҷаҳонии нафт, ки ба сабаби таҳримҳои ғайриқонунии ғарб ба вижа Амрико аз даст рафта буд, машмули тавофуқи торихии ОПЕК намешавад .

Аъзои созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (ОПЕК) дар нишасти 30 ноябри 2016 дар натиҷаи ройзаниҳои фишурда тасмим гирифтанд, мизони тавлиди худро ба сатҳи 32 миллиону 500 ҳазор бушка дар рӯз бирасонанд ва ин ба маънои костани рӯзона як миллиону 200 ҳазор бушка аз тавлиди ОПЕК аст.

Пас аз ин тавофуқи муҳим, тавлидкунандагони ғайриопекӣ ҳам бо ОПЕК тавофуқ карданд, рӯзона ҳудуди 600 ҳазор бушка нафти худро коҳиш диҳанд. Дар ин миён, Русия бо тааҳҳуди коҳиши рӯзона 300 ҳазор бушкаӣ, бузургтарин тавлидкунандаи ғайриузви ОПЕК аст .

Дар ниҳоят, тавофуқи кишварҳои узв ва ғайриузви ОПЕК аз январи 2017 иҷроӣ шуд ва дар нишасти қаблии ОПЕК низ вазирони нафту энержии ин созмон бор дигар тасмим гирифтанд, тавофуқи ОПЕК то марти 2018 тамдид шавад.

Ин бор ҳам кишварҳои тавлидкунандаи нафти ғайриузви ОПЕК бо аъзои ОПЕК ҳамроҳӣ карданд ва ба мушорикат дар барномаи ҷаҳонии коҳиши арза мутааҳҳид шуданд .

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти кунунии кишварҳои тавлидкунандаи нафти ОПЕК ва ғайриопек, мушорикат дар “Барномаи коҳиши тавлиди нафт” бо ҳадафи ҳифзи вазъи мавҷуд ва дар ниҳоят афзоиши қиммати ҷаҳонии нафт дар чорчуби манофеи аъзои Опек ва ғайриопек, зарурӣ ба назар мерасад .