Ноябр 30, 2017 14:21 Asia/Dushanbe
  • Дархости Эрон аз аъзои Шанхай барои мубориза бо терроризми кибернетикӣ

Додситони кулли Эрон хостори ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои кибернетикӣ ва фановариҳои навин шуд.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ рӯзи чаҳоршанбе дар понздаҳумин иҷлоси додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Санкт-Петербурги Русия афзуд: Фановариҳои навини иртибототӣ ба унвони яке аз бузургтарин дастовардҳои дониши башарӣ, заминаи сӯиистифода муҷримонро фароҳам ва амнияти фардӣ ва иҷтимоии инсонҳоро бо хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Додситони кулли Эрон, яке аз муҳиммтарин чолишҳои амниятии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро истифода аз фановариҳои навини иртиботӣ дар анҷоми фаъолиятҳои террористӣ ва ифротгароёна баршумурд ва тасреҳ кард: Терроризми кибернетикӣ воқеияте аст, ки метавонад паёмадҳои ваҳшатнок дар сатҳҳои миллӣ, минтақаӣ ва байналмилалӣ ба вуҷуд оварад.

Мунтазирӣ ҳамчунин гуфт: Созмонҳои иттилоотии баъзе аз кишварҳо низ барои пешбурди аҳдофи ҷосусӣ ва таҷовузкоронаи худ, зерсохтҳо ва сомонаҳои роёнаии дигар кишварҳоро мавриди нуфуз ё таҳоҷум қарор медиҳанд, ки ин иқдом низ навъе аз терроризми кибернетикии давлатӣ аст.

Понздаҳумин иҷлоси додситонҳои кулли кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзи гузашта (чаҳоршанбе) дар шаҳри Санкт-Петербург оғоз ба кор кард ва имрӯз (панҷшанбе) поён меёбад.

Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2001 аз сӯи Чин, Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ба манзури ҳамкориҳои чандҷонибаи амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва бо ҳадафи барқарор кардан мувозина дар баробари нуфузи Амрико ва НАТО таъсис шуд.

Эрон ба унвони узви нозири Созмони ҳамкории Шанхай дар ҳоли музокира барои касби узвияти доим аст.

 

Барчасп