Декабр 01, 2017 16:48 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Уммати Ислом муқобили душманон истодагӣ кунад

Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо табрики фаро расидани Ҳафтаи ваҳдат ва милоди Паёмбари акрам (с) ибрози умедворӣ кард, ки аҳли суннату шиаён муттаҳид мешаванд ва муқобили душманони муштараки ҷаҳони Ислом меистанд.

Имрӯз, ҷумъа, дувоздаҳуми рабеулаввали соли 1439-и ҳиҷрии қамарӣ, мусодиф бо якуми декабри соли 2017 солрӯзи вилодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с), Паёмбари гиромии Ислом ва оғози Ҳафтаи ваҳдат аст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳиди Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон афзуд, шиаёну аҳли суннат набояд фиреби душманро бихӯранд ва агар уммати исломӣ муттаҳид бошад, душман наметавонад ба онон зарба бизанад. Имоми ҷумъаи муваққати Теҳрон бо баёни ин ки аҳли байти исмат ва таҳорат (а) меҳвари ваҳдати байни аҳли суннату шиаён ҳастанд, гуфт, бархе аз ҳукуматҳои исломӣ ба далели ин ки фиреб хӯрдаанд, намегузоранд, ваҳдат дар ҷаҳони Ислом ба вуҷуд биёяд.

Оятуллоҳ Муваҳҳиди Кирмонӣ ҳамчунин нобудии гурӯҳи террористии ДИИШ дар минтақаро ваъдаи илоҳӣ дониста тасреҳ кард, бар асоси ваъдаи илоҳӣ, ки дар Қуръони карим ҳам омада, ботил нобуд шуданӣ ва ҳақ монаданӣ аст.